2 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Мӯҳсин Аминзодаро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба мавзӯъҳои рӯзмарраи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо, ҳамчунин оид ба масъалаҳои вобаста ба таҳаввулоти вазъияти минтақа, дар маҷмӯъ ва хусусан, дар Афғонистон мубодилаи афкори амиқу манфиатдор доир гардид.
Зимни сӯҳбат таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммади Хотамӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир карда шуд.
Дар доираи мубодилаи афкор ҷонибҳо муқоисаи мавқеъҳоро оид ба мавзӯоти Афғонистон дар робита бо амният ва тараққиёти минтақа таъкид карданд.