4 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё Григорий Рапоторо ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоти дар фазои ҳусни тафоҳум, созандагӣ ва дӯстӣ доиргардида, масъалаҳои инкишофи ИИАО чун созмони субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба ақидаи ягона расиданд, ки ИИАО ба баланд бардоштани муносибатҳои бисёрҷонибаи панҷ кишвар ба дараҷаю сатҳи нав, фароҳам овардани имкониятҳо ва шароити зарурӣ барои тақвияти ҳамкориҳои ҳаматарафаи дӯстонаи онҳо дар миқёси бисёрҷониба мусоидат мекунад.