8 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳониро бо сарварии Денис де Трейро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба як қатор масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мубодилаи афкор карданд.
Ҷонибҳо натиҷаҳои баррасии қарзҳои Бонки Ҷаҳониро дар Тоҷикистон, ки 7 феврали соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, муҳокима карданд.
Мусоҳибон ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба нақшаи Стратегияи кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои се соли оянда таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.