11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ироқ дар Тоҷикистон Мозхер Науман Вхаиб Ад-Дуриро қабул кард.
Баъди анҷоми маросими супоридани эътимоднома Сарвари давлат ва сафири Ироқ оид ба баъзе масъалаҳои дорои хусусияти дуҷониба ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.