Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Франклин Хаддл

06.03.2002 10:00, шаҳри Душанбе

6 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Франклин Хаддлро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот дипломати амрикоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шахсии Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва номаи Котиби давлатии ИМА Колин Пауэллро супурд. Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои бисёрсоҳаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА мубодилаи афкор карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ва сафири ИМА изҳор доштанд, ки солгарди 10-уми барқарории муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар такони нави инкишофи онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ мебошад.

Мусоҳибон ҳамчунин як қатори масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520