28 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакатро доир намуд.
Дар маҷлис лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ", "Дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маблағгузориҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарифи гумрукӣ" баррасӣ гардида, ба муҳокимаи парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуданд.