Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочерян

02.04.2002 14:00, шаҳри Душанбе

2 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочерян мулоқоти "як ба як" доир намуд.

Зимни мубодилаи афкор баррасии васеи ҳолати муносибатҳои дуҷониба баргузор гардид. Сарони ду давлат ҳамчунин як қатори масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд. Ҳамин мулоқот имкони муқоисаи мавқеъҳои ҷонибҳоро дар нисбати баъзе масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, проблемаҳои ИДМ, низоми амнияти дастаҷамъӣ фароҳам овард.

Баъд аз ин гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Арманистон дар шакли васеъ доир гардид.

Ҷонибҳо аз ҷиҳати сиёсии муносибатҳои дуҷониба, яъне умумӣ будани мавқеъҳо оид ба аксарияти проблемаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои якдигар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ қаноатмандӣ изҳор намуданд. Бо вуҷуди ин, робитаҳои иқтисодӣ ба ақидаи тарафайн беҳбудӣ талаб мекунанд.

Дар анҷоми музокирот як қатор санадҳои дуҷониба, аз ҷумла Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳавасмандӣ ва ҳифзи сармоягузории тарафайн, Протокол байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520