6 апрел боздиди кориашро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Колхозободу Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритус ва Бешкент идома дод.
Сардори давлат дар ин ноҳияҳо бо фаъолияти хоҷагиҳои навбунёд, пахтакорону боғдорон шинос шуда, бо аъзои оилаҳое, ки аз вилояти Суғд, минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои иқомати доимӣ ба ин ҷо омадаанд, мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом дод.