Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломи Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Сармадӣ Порсо

15.05.2002 10:00, шаҳри Душанбе

15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломи Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Сармадӣ Порсоро қабул кард.

Баъд аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома сӯҳбати пурмазмун оид ба маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ доир гардид.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба вазъи минтақа ва Афғонистон мубодилаи афкор карданд. Дар ин робита қайд карда шуд, ки таҳкими ҳамкории ду кишвар дар самти таъмини амнияти минтақавӣ ба манфиатҳои миллии ҳарду кишвар ва халқ ҷавобгӯ аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520