24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Фурдикро қабул намуд.
Сарвари давлат ва сафири нав ба соҳаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба диққати махсус доданд. Дар робита мусоҳибон аҳамияти ташаккули заминаи қарордодию ҳуқуқии ин ҳамкориро таъкид намуданд.