27 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин Сзя Чунванро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар таъмини амният ва мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир диққати махсус доданд.
Мусоҳибон ҳамчунин мавзӯъҳои ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ намуданд.