6 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Санкт-Петербург бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов мулоқоти дуҷониба дошт.
Ҷонибҳо ба таври муфассал масъалаҳои рӯзмарраи рушду густариши ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар марҳилаи муосир муҳокима карданд. Дар ин робита роҳбарони давлатҳо зарурати дар вақти наздик ҷоннок кардани фаъолияти механизми ҳамгироии дуҷонибаю бисёрҷанбаро дар шакли комиссияи байниҳукуматии муштарак оид ба ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва вазъи минтақаи Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.