Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Саммити давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)

07.06.2002 11:00, Русия

7 июн дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Сарони давлатҳои узви СҲШ дар ҳайати махдуд оғоз ёфт. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолона дошт.

Дар Қасри мармарии шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти Сарони давлатҳо дар ҳайати васеъ идома ёфт. Президентҳо масъалаҳои рӯзмарраи ташаккули механизмҳои фаъолияти СҲШ, инкишофи минбаъда ва тавсеаи ҳамгироии бисёрҷонибаро дар доираи СҲШ ва проблемаҳои вазъияти байналмилалии муосирро муҳокима карданд.

Дар суханронии худ, ки бо вокуниши мусбат пазируфта шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзои Созишнома дар бораи таъсиси Сохтори минтақавии зиддитеррористиро чун такомули чорчӯбаи ҳуқуқӣ ва ба сатҳи амалӣ бардоштани масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, эктремизм ва ҷудоихоҳӣ арзёбӣ намуд.

Дар Саммит Сарони давлатҳо санади СҲШ, Созишнома дар бораи таъсиси Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ ва Эъломияи муштаракро имзо карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520