21 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси ҷумҳуриявии "Ҳамкории иҷтимоӣ-омили рушди устувор" бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон, ки аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд, мулоқот намуд.
Сардори давлат вазъи имрӯзаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро ҳаматарафа таҳлил карда, таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба масъалаҳои муҳиме ҷалб намуд, ки имрӯз дар назди ҷомеа истодаанд.
"Ҳамкории давлатро бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ҳама поя, аз ҷамоату ноҳия сар карда то мақомоти олӣ, барои ташаккули устувори ҷамъият ва ободсозии кишвар истифода бурдан зарур аст", - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.