24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.
24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи навтаъсиси Кӯҳистони Мастчоҳ дидан кард. Бояд таъкид дошт, ки ноҳияи мазкур 21 феврали соли 1996 пас аз 40 сол ҳамчун воҳиди маъмурӣ аз нав таъсис ёфт.
Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ифтитоҳи маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон рост омад. Ба муносибати ин воқеаи фараҳбахш Сарвари давлат дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, зикр кард, ки тайи шаш соли баъди таъсиси ноҳия барои эҳёи ин сарзамини кӯҳистон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла то ин давра дар ноҳия 5 мактаб, 3 штфохона, 24 нерӯгоҳи хурди барқӣ, 50 километр роҳ ва муассисаҳои дигари фарҳангию иҷтимоӣ сохта шуданд.
Зимни сӯҳбати ошкорою самимӣ бо заҳматкашони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯзаи ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сарвари давлат таваҷчӯҳи ҳозиринро ба ҷиҳатҳои асосии тараққиёти ноҳия, аз ҷумла соҳаи зироаткорию чорводорӣ ва сифати таълим дар мактабҳо ҷалб намуд.