Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Айнӣ

24.07.2002 19:00, ноҳияи Айнӣ

24 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз ноҳияи навтаъсиси Кӯҳистони Мастчоҳ ба хотири шиносоӣ ба рафти корҳои бартараф намудани оқибати офати табиӣ ва ҷобаҷокунии оилаҳои бар асари он зарардида ба деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Айнӣ омад.

Сардори давлат ба ҷараёни ҷобаҷокунӣ ва таъмини аҳолӣ бо шароитҳои зиндагӣ мароқ зоҳир намуд. Дар ин ҷо барои бунёди манзил 78 гектар замин ҷудо карда шуда, дар ин мавзеъ 280 хоҷагӣ бояд ҷойгир кунонда шаванд. Президенти ҷумҳурӣ бо вазъият бевосита шинос гардида, дар бобати ба таҳсил фаро гирифтани бачагон, сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, бунёди роҳҳо ба роҳбарияти вазорату идораҳо ва шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод.

Вазоратҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмини саривақтии зарардидагон бо маводҳои лозимаи рӯзгор чораҳои қатъӣ андешанд.

Сарвари давлат дастур дод, ки бояд баъди 4-5 сол мавзеи мазкур ба як маҳаллаи ободу зебо тадбил ёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ аз вилояти Суғд худи ҳамон рӯз ба шаҳри Душанбе баргашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520