30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд.
Рӯзномаи маҷлис қариб аз 30 масъалаи муҳимми ҳаёти мамлакат ва давлат, аз масъалаи кадрҳо сар карда то масъалаи марбут ба сиёсати хориҷиро дар бар мегирифт.
Дар маҷлис натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи авали соли 2002 мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар рафти кори маҷлис бар бораи гузаронидани рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумхурии Белоруссия қарор қабул гардид.
Дар маҷлис якчанд созишномаҳои байниҳукуматӣ ва барномаҳо барои рушди тарақкиёти комплекси сузишворию энергетикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маънавию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуданд.