Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Рашт

06.08.2002 17:00, ноҳияи Рашт

6 августи соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба води Рашт рафт.

Сафари кории Сарвари давлат аз мулоқот бо омӯзгорону шогирдони яке аз муассисаҳои таълимии ноҳия - Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навобод ба номи Давлат Асалов оғоз ёфт.

Омӯзишгоҳи мазкур соли 1932 ташкил ёфта буд ва имрӯз ба таъсисёбии он 70 сол пур шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо омӯзгорону шогирдони донишгоҳ ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дода, зикр кард, ки омӯзишгоҳ дар оянда бояд дар тайёр кардани омӯзгорони болаёқат саҳми беандоза гузорад.

Ҳамзамон Президенти мамлакат таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба аҳамияти калони омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва ба омӯзишгоҳ қабул намудани духтарон ҷалб намуд.

Сипас Сарвари давлат дар майдончаи варзишии "Ваҳдат" бо сокинони шаҳраки Навобод сӯҳбати хоссаву самимӣ анҷом дод. "Ҳадафи асосии сафарам ба водии Рашт шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ аст",- таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъияти деҳоти Ҳоит омад, ки аз маркази ноҳия 65 километр дур воқеъ аст. Дар ин ҷо Сарвари давлат бо сокинони маҳаллӣ сӯҳбату мулоқотҳои самимӣ ороста, аз шароити зиндагии мардум пурсон шуд. Ҳамзамон сокинони ин маҳалла сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва ҳукуматро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Баъд аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити беморхонаи минтақавии Ҳоит, ки аз 75 кат иборат аст, шинос шуд. Зимни сӯҳбат бо кормандони шифохона диқкати ҳамагонро барои пешгирӣ намудани бемориҳои сирояткунанда ва беҳтар намудани таҷҳизотҳои тиббиву дору ҷалб намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520