Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмаки молиявӣ ба аҳолии деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

07.08.2002 17:00, шаҳри Душанбе

7 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амр содир намуд, ки тибқи он аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Сарвари давлат ба аҳолии деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пардохти ёрдампулии яквақта дар ҳаҷми 500 сомонӣ барои ҳар як оилаи ҳалокгардида ва 600 сомонӣ барои ҳар як оилаи бесарпаноҳмонда ҳамзамон барои ҷудо намудани қарзи имтиёзноки бефоиз ба мӯҳлати 5 сол барои ҳар як оила ҷудо гардидааст.

Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда вазифадор гардид, ки маблағгузории мазкурро мувофиқи руйхати замимагардида амалӣ намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520