Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа

09.08.2002 16:00, ноҳияи Роштқалъа

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳонаш аз майдони ҳавоии шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Роштқалъа рафтанд, ки дар ин ҷо 7 август сел омада, боиси ҳалокати одамон, хароб гардидани манзил ва корхонаву муассисаҳои зиёд гардида буд.

Сарвари давлат ба аҳли оила ва хешу таборони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, таъкид кард, ки фалокати табиӣ шуморо аз хешу таборон ва пайвандон дур карда бошад ҳам, мо шуморо танҳо намегузорем.

Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат дар ҳукумати вилоят бо фаъолони минтақа мулоқот кард. Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои расонидани кӯмак ба зарардидагон сухан ронда аз фаъолияти роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо изҳори норизоӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои мулоқотро ҷамъбаст намуда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҷиҳати кӯмак ба аҳолии зарардидаи деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъа ва барқарор кардани корхонаву муассисаҳои харобгардида супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520