Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти низомӣ ва муҳофизи қонуни ҷумҳурӣ

12.08.2002 10:00, шаҳри Душанбе

12 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти низомӣ ва муҳофизи қонуни ҷумҳурӣ машварат орост. Дар машварат асосан масъалаҳои марбут ба ҷараён ва сифати амалӣ сохтани қарорҳои машварати умумиҷуҳуриявии моҳи майи соли равон бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои интизомӣ баргузор гардид ва дастурҳои дар ҷараёни он ба миёнгузошташуда муҳокима шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни иҷрои қарорҳои машварати мазкурро дар масъалаи мубориза бар муқобили ҷиноят, терроризм, моҷароҷӯии сиёсӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ба таври амиқ ва ҳамаҷониба таҳлил намуд.

Дар машварат зарурати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти сохтору амнияти миллӣ, мудофиа ва муҳофизи қонун дар 12 самти афзалиятнок таъкид карда шуд, ки Сарвари давлат дар машварати умумиҷумҳуриявии моҳи май баргузоргардида зикр карда буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520