14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонишини Котиби генералии СММ оид ба халъи силоҳ ҷаноби Чаянтх Дханапалро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байни Тоҷикистон ва СММ, ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзмарраро баррасӣ намуданд. Мусоҳибон бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳояшро оид ба халъи силоҳ, ки аз санадҳои байналмилалии муқарраршуда бармеоянд, дар ҳаҷми комил иҷро мекунад.