28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъияти минтақаи ҷанубии мамлакат бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб рафт.
Сарвари давлатро дар майдони ҳавоии Кӯлоб сокинони шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои атрофи он пешвоз гирифтанд. Дар ҳамин ҷо мулоқоти самимонаю гарму ҷӯшони Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои ҳамсоя баргузор гардид.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақбараи олим ва файласуфи бузурги асрҳои миёна Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард. Сарвари давлат дар бораи таҷлили ояндаи ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб сухан ронда, ба роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор дар бобати тармиму таҷдид ва ба тартиб овардани ёдгориҳои муҳимтарини таърихию фарҳангии минтақа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Президенти ҷумҳурӣ инчунин ба хоҷагиҳои "Хатлон", "Сафаралӣ Зарифов", "Ҳамадонӣ" рафта, бо ҷараёни корҳои кишоварзон шинос шуд.