Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

03.09.2002 14:00, шаҳри Душанбе

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи калони намояндагони зиёиён, кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, мақомоти интизомии ҷумҳуриро дар арафаи ҷашни 11-солагии истиқлолияти Тоҷикистон барои хизматҳои бузург ва дастовардҳои баландашон дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, фарҳанг, маориф ва иҷрои вазифаҳои давлатию хидматӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадр намуд.

Сарвари давлат қабл аз супурдани мукофотҳо ба саҳми ҳар шахси мукофотонидашуда дар истиқрори сулҳ дар мамлакат ва тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт баҳои баланд дод.

Баъд аз супоридани мукофотҳои давлатӣ Сарвари давлат ҳамаи ҳозирин ва тамоми халқи Тоҷикистонро ба муносибати 11-солагии истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520