Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машвари корӣ бо роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он

11.09.2002 18:00, шаҳри Хуҷанд

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз парвоз ба Душанбе дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварат кард.

Дар машварат масъалаҳои умдаи ҳаёти кишвар баррасӣ шуданд. Сарвари давлат дар назди масъулони вилоят вазифа гузошт, ки суръати ҷамъоварии пахтаро вусъат бахшанд ва дар ин кор тамоми қувваро сафарбар созанд.

Президенти ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи иштирокчиёни машваратро ба масъалаи ғунучини тамоми навъҳои зироат, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистонгузаронӣ, таъмини мактабҳо бо компютерҳо ва вусъати омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб сохт.

Баъди анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 11 сентябр ба Душанбе баргашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520