Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ

05.10.2002 15:00, шаҳри Душанбе

5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ (СҲОМ) ширкат варзид.

Президентони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъкид карданд, ки ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба таъмини субот, амният ва пешгирии хатарҳои муосир мусоидат мекунад.

Сарони давлатҳо зикр намуданд, ки инкишофи рушди иқтисодӣ ва тараққиёти демократии кишварҳои минтақа ба барҳам додани фаъолияти террористӣ дар Афғонистон вобастагии зич доранд.

Дар робита президентҳо ба ҳукуматҳои худ супориш доданд, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии амалҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бобати татбиқи лоиҳаҳои барқарорсозии иқтисодии Афғонистон чораҳои иловагӣ андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520