Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар анҷумани Бунёди байналмилалии наҷоти Арал

06.10.2002 14:00, ноҳияи Варзоб

6 октябр дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи Варзоб бо иштироки Президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон анҷумани Бунёди байналмилалии наҷоти Арал оғоз ёфт.

Дар анҷуман Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раиси бунёди мазкур мебошад, сухан ронд. Дар суханронии худ таъкид намуд, ки масъалаи баҳри Арал ба проблемаи глобалӣ табдил ёфта, боиси ташвиши аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ ва созмонҳои сиёсию молиявии ҷаҳон гардид.

Президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон роҳҳои ҳалли проблемаи Аралро пешниҳод намуданд.

Иштирокчиёни анҷуман ҳамчунин баъзе масъалаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро баррасӣ намуданд. Бо назардошти фаъолияти самарабахш Эмомалӣ Раҳмон раиси ин Бунёд интихоб шуд.

Дар анҷоми анҷуман Эъломияи Душанбегӣ қабул карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520