Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи Котиби генералии СММ дар Тоҷикистон, Сарвари Дафтари СММ оид ба мусоидати бунёди сулҳ Владимир Сотиров

18.10.2002 17:00, шаҳри Душанбе

18 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Котиби генералии СММ дар Тоҷикистон, Сарвари Дафтари СММ оид ба мусоидати бунёди сулҳ Владимир Сотировро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбати дӯстона тарафҳо рафти омодагии сафари Котиби генералии СММ Кофи Ананро дар Тоҷикистон муҳокима карданд.

Мусоҳибон ҳамчунин роҳҳои тақвияту густариши ҳамкории Тоҷикистон ва СММ ва равандҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.

Нимаи дуюми 21 октябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби генералии СММ Кофи Анан баргузор гардид.

Тарафҳо аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон ва СММ изҳори қаноатмандӣ карданд. Онҳо ҳамчунин нақши Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон муҳокима намуданд. Қайд карда шуд, ки дар масъалаи мусодираи маводи мухаддир Тоҷикистон ҳоло дар ҷои чаҳорум дар ҷаҳон ва ҷои якум дар ИДМ-ро ишғол мекунанд. Дар ин робита тарафи Тоҷикистон масъалаи аз ҷониби СММ идомаи дастгирии молиявии Агентии оид ба назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳокима гузошт.

Мусоҳибон ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистон ва СММ-ро дар ҳалли проблемаҳои минтақа ва хусусан Афғонистонро баррасӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520