Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) Денис де Трей

01.11.2002 11:00, шаҳри Душанбе

1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) Денис де Трейро ба ҳузур пазируфт.

Қайд карда шуд, ки бо вуҷуди нигоҳ доштани тамоюли муназзами макроиқтисодӣ ва нумӯи иқтисодӣ паст кардани сатҳи камбизоатӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мемонад. Тарафҳо бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо БҶ татбиқи чорабиниҳои қарзи дуюм барои дигаргуниҳои сохторӣ амалан ба анҷом расонд. Мусоҳибон ба иштироки БҶ дар лоиҳаҳои Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои иштироки Бонки Ҷаҳониро дар мусоидат ба инкишофи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима карданд.

1ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор ва шаҳри Турсунзода сӯҳбатҳои телефонӣ анҷом дод.

Роҳбарони ноҳияҳо дар хусуси рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва саривақт ба чинакчиён додани ҳаққи хизмат, ҷараёни кишту кори тирамоҳӣ, ҳамчунин аз омодагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ ба фасли зимистон ҳисобот доданд.

Сарвари давлат ба норасоию мушкилоти ҷойдошта ишора намуда, барои ҳалли онҳо супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520