Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби генералии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (ИИАО) Григорий Рапота

01.11.2002 16:00, шаҳри Душанбе

1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (ИИАО) Григорий Рапотаро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии ин созмон мубодилаи афкор карда, ба масъалаҳои буҷаи он барои соли 2003 ва ҳамкорӣ дар ҳифзи сарҳадоти берунии давлатҳои узви Иттиҳод диққати махсус доданд.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИИАО мулоқот дошт.

Нимаи дуюми 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Геннадий Селезневро, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИИАО ба шаҳри Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти "як ба як" оид ба масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври муфассал мубодилаи афкор карданд. Мусоҳибон ҳамчунин ба мавзӯъҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Россия ва ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бар зидди қувваҳои терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520