Субҳи 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Тоҷикистон Ефим Киларро қабул намуд.
Мусоҳибон таъкид карданд, ки ин мулоқот дар арафаи сафари расмии Президенти ҶМ Владимир Воронин ба Тоҷикистон доир мегардад.
Ҷонибҳо ҳамчунин имкониятҳо ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Онҳо наздикии мавқеъҳои ду давлатро нисбати масъалаҳои байналмилалӣ таъкид карданд.