Субҳи 5 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин дар Тоҷикистон музокироти дуҷониба дар ҳайати васеъ бо иштироки президентҳои ҳар ду кишвар баргузор гардид.
Баъди анҷоми музокирот Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова, Изҳороти муштараки сарони ду давлат, созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳавасмандӣ ва ҳифзи муттақобили сармоягузорӣ ва дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, Протокол оид ба машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ имзо карда шуданд.