Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳо бахшида ба 10 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.11.2002 17:00, шаҳри Хуҷанд

13 ноябр бо мақсади иштирок дар тантанаҳо бахшида ба 10 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф овард.

Ба баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри маданияти Ҷамъияти саҳҳомии ба номи С.Урунхоҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров, маъруф ба қасри "Арбоб" доир шуда буд, 10 сол пур шуд.

Мардуми сарбаланди вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва рӯҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ истиқбол гирифтанд, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати калон маҳз аз ҳамин диёр қадам ниҳод.

Тантанаҳо ба ин санаи фархундаи таърихии Тоҷикистони навин дар қасри "Арбоб" барпо гардиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрию сӯҳбатҳо бо иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми таърихӣ аз хотираҳои он рӯзҳои сарнавиштсоз ёдовар шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон осорхонаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро, ки дар бинои қасри "Арбоб" ҷо дорад, тамошо кард. Осорхона аз 3 бахш иборат буда, расму мусаввара ва дигар маводҳоеро, ки аз таърихи баргузории Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз нақл мекунанд, гирд овардааст.

Сарвари давлат ҳамчун рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ ва дастовардҳои ин иҷлосияи сарнавиштсоз ба китоби ёддошти Осорхона соядаст гузошт.

Пас аз шиносоӣ бо дастовардҳои ин қасри таърихӣ дар маҷлисгоҳи он ба ифтихори 10 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ҷаласаи ботантана баргузор шуд.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зикр кард, ки толор барои мо бениҳоят азиз аст. Зеро 10 сол пеш, замоне, ки бесарусомониҳо тамоми мамлакатро фаро гирифта буданд, тақдири ояндаи давлату миллат маҳз аз ҳамин толор вобаста буд.

13 ноябр бо мақсади иштирок дар тантанаҳо бахшида ба 10 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф овард.

Ба баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри маданияти Ҷамъияти саҳҳомии ба номи С.Урунхоҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров, маъруф ба қасри "Арбоб" доир шуда буд, 10 сол пур шуд.

Мардуми сарбаланди вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва рӯҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ истиқбол гирифтанд, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати калон маҳз аз ҳамин диёр қадам ниҳод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520