Нимаи якуми 22 ноябр дар "Конгресс-сентр"-и шаҳри Прага Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити давлатҳои узви Шӯрои шарикии Аврупою Атлантика, ки узви он кишварҳои НАТО ва барномаи "Шарикӣ ба хотири сулҳ" (ҳамаги 46 кишвар) мебошанд, ширкат варзид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Прага сухан ронда, таъкид кард, ки Тоҷикистон иштироки худро дар фаъолияти ин Шӯро ва барномаи "Шарикӣ ба хотири сулҳ", ки моҳи феврали соли 2002 оғоз ёфт, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии худ мешуморад.