30 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои интизомии мамлакат машварат гузаронд. Дар он раисони ҳарду палатаи ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Шӯҳрат Султонов ва котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов ширкат варзиданд.
Сарвари давлат ҷиҳатҳои муҳимтарини фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои интизомиро дар давраи баъди машварати умумиҷумҳуриявии моҳи май бо иштироки роҳбарону кормандони онҳо баргузоргардида таҳлил намуд.
Дар машварат ба проблемаҳои вобаста ба беҳтар сохтани фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва интизоми он дар бобати таъмин ва муҳофизати ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосӣ дода шуд.