4 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати корҳои хориҷии Фаронса омад.
Ин ҷо дар ҳузури Сарвари давлати Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров ва вазири давлатии Фаронса оид ба корҳои хориҷӣ Рено Мюзеле Созишномаи байниҳукуматиро дар бораи ҳамкории фарҳангӣ ва илмию техникӣ имзо карданд.
Баъд аз анҷоми маросими имзои созишнома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Фаронса Доминик де Вилпен мулоқоти кӯтоҳмуддат дошт.
Мусоҳибон доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.