Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири корҳои дохилӣ, амнияти дохилӣ ва худидоракунии маҳаллии Фаронса Никола Саркози

06.12.2002 21:00, Фаронса

Шоми 6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати корҳои дохилӣ, амнияти дохилӣ ва худидоракунии маҳаллии Фаронса омад. Сарвари давлати Тоҷикистонро вазир Никола Саркози истиқбол намуд.

Дар ин ҷо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ва вазири корҳои дохили, амнияти дохилӣ ва худикоракунии ҶФ Никола Саркози Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти дохилиро имзо карданд.

Баъд аз ин музокирот оид ба инкишофи ҳамкории техникӣ ва фаврӣ, ҳамчунин дар бораи расондани кӯмаки мутабодил дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра доир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520