16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои фаъолият дар давраи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2002-2003" машварати корӣ гузаронид.
Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳо, ки барои иҷрои қарори зикршудаи ҳукумат масъул шуда буданд ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кори ғайриқаноатбахши сохторҳои давлатӣ, соҳаҳои комплеки сӯзишворию энергетика ва ҳукумати шаҳри Душанберо дар бобати тайёрӣ ба мавсими зимистон дар асоси далелҳо сахт танқид намуд. Зикр шуд, ки дар натиҷаи ин беаҳамиятиҳо дар давоми даҳ рӯзи аввали моҳи декабри соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ вазъияти ногувор ба амал омад.
Сарвари давлат дар ҷараёни машварат талаб намуд, ки чунин вазъият дар муддати кӯтоҳ беҳтар карда шавад ва барои ба эътидол овардани ин вазъият супоришу дастурҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои тафтиши сабабҳои ба амал омадани вазъияти фавқулодда дар пойтахти мамлакат аз ҷумлаи намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, амният ва шӯъбаҳои Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат комиссия таъсис дода шавад.