Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Мён Бак

27.04.2012 12:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Мён Бак барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар робита ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрику таманниёти самимии хешро бифиристам.

Аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон кишварҳои мо муносибатҳои дипломатиашонро ба роҳ монда, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Тайи ин давра муносиботи байни кишварҳои мо бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.

Ҷониби Тоҷикистон мусоидату дастгирии доимии иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии кишвари Шуморо дар чорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея ҳамеша эҳсос намуда, кӯшишҳои пайвастаи онро ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳамшарикии дарозмӯҳлату созандаи минтақавӣ тавассути Ҳамоиши ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баланд арзёбӣ менамояд.

Айни замон, мо мутмаинем, ки муносиботи байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарӣ имкониятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда доранд ва ба кор андохтани онҳо ба манфиатҳои мардумонамон хоҳад буд.

Ҷониби Тоҷикистон хоҳони татбиқи воқеии чунин имкониятҳо мебошад ва бо мақсади фароҳам овардани заминаи бештари мусоид барои тавсеаи доираи ҳамкориҳои зичи мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Корея омода аст, ки муколамаи созандаро бо кишвари Шумо дар ҳамаи сатҳҳо вусъат бахшад.

Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба муносибати ин санаи муборак дар таърихи муосири равобити миёни кишварҳоямон ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея - пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520