31 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши солинавии мактаббачагон таҳти унвони "Шаби охирини Шаҳрзод", ки дар "Кохи Ваҳдат" - и пойтахт барои мактаббачагон баргузор гардид, иштирок намуда, бачаҳоро бо фарорасии соли нав табрик намуд.
Президенти мамлакат дар суханронияш зикр намуд, ки маҳз кудакон ояндаи Тоҷикистон мебошанд ва амиқтар омӯхтани забонҳои хориҷӣ, хусусан русию англисӣ ва омӯхтани компютер вазифаи асосии онҳост.