Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотии Президенти Корея ба Президенти Тоҷикистон

27.04.2012 12:00

Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Мён – Бак унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

«Мӯҳтарам Ҷаноби Президент,

Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Корея суханони самимонаи дӯстиро ба Шумо ва халқи Тоҷикистон иброз дорам.

Басо хурсандам, ки баъди 27 апрели соли 1992 барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳамчунин бахшҳои дигари мухталифи фаъолият мунтазам ривоҷ меёбанд. Ман ҳамчунин умедворам, ки ин воқеаи фархунда - 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ, ба рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат намуда ва дӯстию ҳамфикрии мутақобилаи байни кишварҳои дӯстамон ҳар чи мустаҳкамтар мегарданд.

Мехоҳам ба Шумо тансиҳатии бардавом ва ба халқи Тоҷикистон шукуфоию беҳбудӣ орзу намоям».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520