Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ
Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, 2 июни соли 1975 дар шаҳри Душанбе дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Солҳои 1982-1992 дар мактаби миёнаи №23 ноҳияи Роҳи оҳани (ҳоло Шоҳмансур) шаҳри Душанбе таҳсил намудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 1998 Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм намуда, соҳиби ихтисоси «иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ» гардид.

Фаъолияти меҳнатияшро соли 1992 ба ҳайси коргар дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Нафиса» дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, то соли 1993 дар корхонаи мазукур кору фаъолият кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти кориашро дар Шуъбаи молияи ноҳияи Роҳи оҳани (ҳоло Шоҳмансур) шаҳри Душанбе ба сифати мутахассиси дараҷаи дуюм ва сипас мутахассиси дараҷаи якум идома дод.

Солҳои 2003-2004 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи Сардори Шуъбаи молияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва солҳои 2004-2007 Сардори Шуъбаи молияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.

Давоми солҳои  2007-2016 вазифаи Сардори Раёсати молияи ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанберо ба уҳда дошт.

Аз 15 июни соли 2016 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2017, №973 рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи 2 дода шуд.

Бо мукофоти давлатии медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520