Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини

31.01.2017 17:19, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳо ва рафти маблағгузории сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои вобаста ба молия ва сармоягузориро аз омилҳои асосии пешравии кор дар сохтмони сарбанди неругоҳ арзёбӣ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби Ширкати «Салини Импреҷило» ҳамчун ширкати боэътимод ва пешрафтаи байналмилалӣ, ки дар сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок менамояд, барои иҷрои корҳои лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт саривақт бартараф карда мешавад.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520