Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ

02.02.2017 17:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония  сидқан табрику таҳният мегӯям.

Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки тайи ин солҳо дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония рух доданд, далели равшани эҳтимоми ҷонибҳо ба рушди равобити ҳасана байни ду кишвар дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мебошад.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрӣ бо кишвари Шумо изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Итминони комил дорам, ки дар оянда низ бо саъю талошҳои муштарак мо рушди пайвастаи ҳамкориҳои судманди кишварҳоямонро ба нафъи мардумонамон таъмин хоҳем кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо ҷаноби Сарвазир саломатии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва барои мардуми дӯсти Япония саодату амонӣ ва шукуфоии бештар орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520