Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо анвои гуногуни меваю сабзавоти тару тоза, меваи хушк, навъҳои гуногуни асал ва маҳсулоти корхонаҳои саноатии коркарди меваю сабзавот аз наздик шинос шуданд.
Сарварони ду давлат ҷиҳати амалӣ намудни санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ба имзорасида оид ба имконоти дар Тоҷикистон бунёд кардани корхонаҳои муштараки коркарди асл, меваю сабзавот ва гӯшту шир барои содирот ба Давлати Қатар гуфтугӯ намуданд. Барои содирот ба ин давлат ҳамчунин ба меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмева низ мароқ зоҳир карда шуд.