Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини раиси Хазинаи Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб Ҳешам Ал Вакаян

10.01.2001 14:00, шаҳри Душанбе

10 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов муовини раиси Хазинаи Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб Ҳешам Ал Вакаянро қабул намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Хазина барои расонидани кӯмаки бебозгашт дар доираи лоиҳаҳои барқарорсозии роҳҳои автомобилии Тоҷикистон ба маблағи қариб 1 миллион доллари ИМА миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки ҳамкории самарабахш оид ба маблағгузорӣ ва азхуд намудани лоиҳаҳои сармоягузории инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар асоси манфиатҳои тарафайн давом дода мешавад.

Соли 2001 бо мақсади такмили минбаъдаи системаи идораи давлатӣ ва ба шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ мувофиқ гардондани он бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд вазорату кумита ва идораҳои ҷумҳуриявӣ барҳам дода, мақомоти нав таъсис ёфтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520