Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

25.01.2001 14:00, шаҳри Душанбе

25 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд фармонро дар бораи таъин ва озод намудани роҳбарони мақомоти марказӣ содир намуд.

Аз ҷумла Раҳимов Шариф Махсумович сардори Раёсати навтаъсиси назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимов Абдураҳим Ҳамроевич Вазири фарҳанг, Ҳамидов Халифабобо вазири адлия таъин гардида, Маҳмадов Бобохон аз вазифаи Вазири фарҳанг, Исмоилов Шавкат Маҳмудович аз вазифаи Вазири адлия озод карда шуданд.

Бо сабаби барҳам додани Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рустамова Қимат аз вазифаи вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод карда шуда, Мусоева Рафиқа Ғаниевна аз вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ озод гардид ва вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520