25 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро "Дар бораи қисман тағйир додани сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо кард.
Ин амал бо мақсади мутобиқгардонии сохтори мавҷудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти назорати фаъолияти молиявӣ, беҳбуди кори баҳисобгирӣ ва ҳисоботи корхонаву ташкилотҳои тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст.