15 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фу Тсюан Чжанро бино бар сабаби ба охир расидани мӯҳлати ваколатхои дипломатиаш дар мамлакати мо ба ҳузур пазируфт.
Сардори давлат аз фаъолияти дипломати мавсуф изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин ибрози назар намуд.