24 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат мулоқот кард.
Зимни суханрониаш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки рушду пешрафти ҷомеа имрӯзҳо дар маркази диққати мардуми кишвар аст.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёту фаъолияти аҳли зиё таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд. Зеро зиёиён сарвати тиллоии миллатанд. Ва рӯ овардан ба фарҳангу маърифати ҳазорсолаи миллӣ, ки ба рушду нумӯи минбаъдаи дигар соҳаҳо мусоидат мекунад, бояд вазифаи ҳар як фарди равшанфикри ҷумҳурӣ бошад, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.